| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Иштироки ҳайати Кумита дар кушодашавии “Ҳафтумин Ассамблея Фонди глобалии экологӣ”
    Ахбор

    Иштироки ҳайати Кумита дар кушодашавии “Ҳафтумин Ассамблея Фонди глобалии экологӣ”             


                                              

    370549193_625735666339442_7352714050648053586_n.jpg

    Санаи 23 августи соли 2023 дар шаҳри Ванкувери Канада маросими кушодашавии “Ҳафтумин Ассамблея ва вохӯриҳои ба он алоқаманди Фонди глобалии экологӣ” баргузор гардид, ки дар он ҳайати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзид.

    Қоибили қайд аст, ки Ассамблеяи Фонди глобалии экологӣ дар чор сол як маротиба баргузор гардида, яке аз масъалаҳои асосии рӯзномаи Ассамблеяи мазкур оғози фаъолияти Фонди глобалии чаҳорчӯби биогуногунӣ (GBFF) мебошад, ки барои сармоягузории соҳаи экологияи кишварҳои рӯ ба тараққӣ мусоидат хоҳад намуд.

    Мавриди зикр аст, ки дар доираи Ассамблеяи 7-уми Фонди глобалии экологӣ вохӯриҳои раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо роҳбарони ташкилотҳои байналмилалӣ ва вазирони ҳифзи муҳити зисти кишварҳо ба нақша гирифта шудааст.

    Бозгашт