| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Пленарии Конвенсияи гуногунии биологӣ оид ба ҳамкорӣ бо дигар конвенсияҳо
    Ахбор

    Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Пленарии Конвенсияи гуногунии биологӣ оид ба ҳамкорӣ бо дигар конвенсияҳо

    22 марти соли 2022 ҷаласаи Пленарӣ оид ба ҳамкорӣ бо дигар конвенсияҳо таҳти роҳбарии ҳамраис хонум Шарлотта Сорквист баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳо оид ба таҳкими ҳамкорӣ байни конвенсияҳои экологӣ, баланд бардоштани иқтидор дар доираи Протоколи Нагоя ва Механизми миёнаравии глобалӣ доир ба Протоколи Нагоя баррасӣ шуданд.

    Ҳайати Тоҷикистон дар масъалаҳои таҳкими тавонмандии кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва таҳкими корҳо дар чаҳорчӯби ҳамкориҳо бо Механизми миёнаравии Протоколи Нагоя ба ҳуҷҷатҳои баррасишаванда пешниҳодҳо намуд.


    Бозгашт