| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ (WG2020-4) дар шаҳри Найробии Кения
    Ахбор

    Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ (WG2020-4) дар шаҳри Найробии Кения                                       

    photo_2022-06-21_12-42-15.jpg

    Намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 4-ми Гурӯҳи кории Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ (WG2020-4), ки аз 21 то 26 июни соли 2022 дар шаҳри Найробии Кения баргузор гардида истодааст, иштирок доранд.

    Мақсад аз баргузор намудани чорабинии мазкур дастгирии ҷонибҳои Конвенсия ва дигар ҷонибҳои манфиатдор дар мубоҳисаҳо ва гуфтушунидҳои онҳо дар ҷаласаи чоруми Гурӯҳи корӣ (WG2020-4) ба исоб рафта, як қатор ҷаласаҳои иттилоотӣ аз ҷониби коршиносони асосии техникӣ бо дастгирии Котибот оид ба масъалаҳои марбут ташкил карда мешавад.

    Ҷаласаи болозикр таҳти роҳбарии Котиби иҷроияи Конвенсияи гуногунии биологӣ оғоз гардида, масъалаҳои: Чорчӯбаи мониторинги иттилоотӣ; Маълумоти илмӣ дар бораи ҳадафҳо ва мониторинг ҷиҳати дастгирии гуфтушунидҳо дар чаҳорчӯбаи гуногунии биологии глобалӣ пас аз соли 2020; Дурнамо оид ба дастгирии гуногунии биологии GEF-8; Стратегияи гуногунии биологии GEF-8 ва аз Шарм-эл-Шайх то Кунмин; Барномаи амал барои табиат ва инсон - гузаштан аз уҳдадориҳои гуногунии биологӣ ба татбиқи иқтисодиёти воқеӣ баррасӣ ва қабул шуданд.


    Бозгашт