| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • КОНФРОНСИ ТАРАФҲО 27
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Иштироки муовини раиси Кумита дар Конфронси 19-уми тарафҳои Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта (СИТЕС)
    Ахбор

    Иштироки муовини раиси Кумита дар Конфронси 19-уми тарафҳои Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта (СИТЕС)                 

    Аз 14 то 25 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Панамаи Ҷумҳурии Панама Конфронси 19-уми тарафҳои Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта (СИТЕС) баргузор гардид, ки дар он муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод Абдулқодир иштирок намуд.

    Дар доири чорабинии мазкур муҳокимаи масъалаҳо байни кишварҳо вобаста ба амалишавии Конвенсияи мавриди назар оид ба ҳифз ва савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоӣ сурат гирифта ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба татбиқи ҳамоҳангсозии сиёсати экологӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилали низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

    Зимни иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси мазкур мавқеи кишвар вобаста ба як қатор масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ дар самти савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоиӣ иброз гардида, якчанд вохӯриҳои дуҷониба бо намояндагони Шӯрои байналмилалии шикор ва ҳифзи олами ҳайвоноти ваҳшӣ, Котиботи Конвенсияи СИТЕС, ҳайати Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва ғайра баргузор гардид.

    Боиси қайд аст, ки иштирок дар ҷаласаи мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият дод, ки ҳамкориро бо Котиботи Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарор дошта мустаҳкам намояд ва ҳамкориҳои байналмилалиро вобаста ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нав вусъат бахшад.

    Committee II dais - CITES CoP19 - 17Nov2022 - Photo_0.jpg Beastly Business - CITES CoP19 - 17Nov2022 - Photo.jpg photo_2022-11-25_21-54-30.jpg  photo_2022-11-25_21-54-39.jpg       

     


    Бозгашт