Иштироки раиси Кумита дар Мубоҳисаи сатҳи баланд зери унвони “Лаҳзаи табиат”
19 июли соли ҷорӣ дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид (СММ), дар шаҳри Ню-Йорк бо ташаббуси раиси иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ Абдулло Шоҳид мубоҳисаи сатҳи баланд зери унвони “Лаҳзаи табиат” вобаста ба масъалаи ҳифзи муҳити зист аз таҳдидҳо ва чолишҳои имрӯза доир гардид.
Дар мубоҳисаи сатҳи баланд раиси иҷлоси 76-уми МУ СММ А. Шоҳид, дабири кулли СММ А. Гутерриш ва раиси Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ К. Келапиле иштирок ва суханронӣ намуда, аҳаммияти баргузории чорабинии мазкурро дар мубориза ба таъсири тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист муҳим арзёбӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки хайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон дар чорабинии мазкур иштирок намуд.
Инчунин, раиси Кумита ба ҳайси панелист дар сегменти аввали чорабинӣ зери унвони “Коркарди вокунишҳои ҳамоҳангшудаи низоми муштарак дар мубориза бар зидди чолишҳои ҷаҳонӣ” оид ба се таҳдиди умдаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, аз даст додани гуногунии биологӣ ва ифлосшавии муҳити зист суханронӣ намуд. Зимни суханронии худ аз таъсири тағйирёбии иқлим ба вазъи экологӣ дар Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон ва чораҳои андешидашудаи кишвар дар ин самт қайд намуд.
Ҳамзамон бояд қайд кард, ки раиси Кумита аз ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар дар пешбурд ва ҳалли масъалаҳои обу иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ ёдовар шуда, аҳаммияти ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии пиряхҳо таъкид намуд.