| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии канории сатҳи баланд
    Ахбор

    Иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии канории сатҳи баланд                 

    23 марти соли 2023 раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур дар чорабинии канории сатҳи баланд оид ба «Татбиқи системаҳои огоҳии бармаҳал барои ҳама дар ҷаҳон бо хатарҳои афзояндаи марбут ба об» иштирок намуда, суханронӣ намуданд. Чорабинӣ аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии метеорологӣ (WMO), Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (IFRC) ва Дафтари СММ оид ба паст кардани хатари офатҳои табиӣ (UNDRR) дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои Мисри Араб, Тоҷикистон, Ҷопон, Иёлоти Муттаҳида такшкил гардида, дар ҳошияи Конфронси оби СММ-2023 баргузор гардид.

    Раиси Кумита дар сухани ифтитоҳии хеш қайд намуданд, ки Тоҷикистон яке аз осебпазиртарин кишварҳои ҷаҳон ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим буда, пиряхҳои кишвар сол то сол бо суръат об шуда, захираҳои об низ кам шуда истодаанд. Таъкид гардид, ки ба миён омадани селҳо, обхезиҳо ва дигар офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари калон мерасонад.

    Шерализода Баҳодур зикр намуданд, ки беш аз 80 дарсади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба тағйирёбии иқлим марбут мебошад. Дар давоми 20 соли охир зиёда аз 4000 офати табиӣ бва миён омада, ба ҳисоби миёна дар ҳар 2 рӯз 1 офати табиӣ рух медиҳад. Инчунин, қайд гардид, ки тибқи ҳисоботҳои Бонки Ҷаҳонӣ, зарари иқтисодӣ аз офатҳои табиӣ, ки ба шабакаи роҳҳои Тоҷикистон таъсир мерасонад, дар як сол тақрибан 45 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

    Қобили қайд аст, ки кишварҳои узв ва сохторҳои СММ дар якҷоягӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ҷонибҳои манфиатдор ва бахши хусусӣ дар чорабинии мазкур ӯҳдадориҳои хешро оид ба омодагӣ ва коҳиш додани таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ ва устоврӣ ба онҳо пешкаш намуданд.

    WhatsApp Image 2023-03-23 at 21.13.05 (1).jpeg WhatsApp Image 2023-03-23 at 21.13.05.jpeg     

                  

                       


    Бозгашт