| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур дар ифтитоҳи чорабинии канории сатҳи баланд
    Ахбор

    Иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур дар ифтитоҳи чорабинии канории сатҳи баланд                

    22 марти соли 2023 Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур дар чорабинии канории сатҳи баланд «Шабакаи Лабораторияҳои Глобалии Таҳлили Захираҳои Об (GloWAL)» иштирок намуда, дар қисмати ифтитоҳӣ аз номи Хукумати Ҷумҳурии Точикистон суханронӣ намуданд. Чорабинӣ аз ҷониби Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (МАГАТЭ) дар ҳошияи Конфронси оби СММ-2023 баргузор гардид. Вакилон ва иштирокчиён дар ифтитоҳи шабакаи нав, ки ба кишварҳои аъзо имконияти васеъ намудани маълумоти кимиёвӣ, биологӣ ва изотопии онҳоро фароҳам меоварад, ширкат варзиданд.

    Раиси Кумита дар сухани ифтитоҳии хеш қайд намуданд, ки Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо ташаббусҳои глобалии худ: Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005-2015) ва «Об барои рушди устувор» (2018-2028) пешсафӣ нишон дода, дар Симпозиуми сатҳи баланд оид ба Ҳадафҳои рушди устувор ва нақшҳои он: ноил гардидан ба дастрасии ҳамагон ба об ва санитария, нақши калидӣ мебозад.

    Қобили қайд аст, ки ҳадафҳои Шабакаи Лабораторияҳои Глобалии Таҳлили Захираҳои Об он аст, ки кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар тавлиди маълумоти миллӣ мустақил гарданд, идоракунии об дар кишварҳо устувор ва пайдарпай шавад, фосилаи техникӣ миёни кишварҳои тараққикарда ва рӯ ба тараққӣ коҳиш ёбад.

    WhatsApp Image 2023-03-23 at 01.47.45 (1) (1).jpeg WhatsApp Image 2023-03-23 at 01.47.46 (1) (1).jpeg     

                  

                       


    Бозгашт