| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Конференсияи илмӣ – назариявӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”
    Ахбор

    Конференсияи илмӣ – назариявӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”                 


                                              


    4 майи соли ҷорӣ тибқи нақша-чорабиниҳои Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 – и ба номи Ашур Сафар Конференсияи илмӣ – назариявӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” бо иштироки устодону хонандагони муассисаи мазкур баргузор гардид.

    Дар чорабинии мазкур нахуст роҳбарияти муассисаи номбурда суханронӣ намуда, сипас аз ҷониби хонандагон саҳначаҳои тарбиявӣ доир ба ифлос намудани ҷӯю обҳои равони маҳалли зист намоиш дода шуд. Ҳамзамон, масъулони самти марбутаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб дар мавзуи “Дарёҳои Тоҷикистон” ва хонандагони муассисаи номбурда доир ба мавзуи “Обанборҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифз намудани пиряхҳо” маърузаҳо намуданд, ки аз ҷониби иштирокдорон хуб пазируфта шуд.

    Дар рафти  чорабинӣ ба иштирокчиён буклетҳо доир ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” тақсим карда шуд.  Инчунин, роҳбари муассиса ва омӯзгорону хонандагони болаёқат аз тарафи сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб Соҳибов Қ. бо Ифтихорнома қадрдонӣ шуданд.

    image-17-05-23-09-12-1.jpeg image-17-05-23-09-12-2.jpeg              


    Бозгашт