| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар шаҳри Ваҳдат
    Ахбор

    Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар шаҳри Ваҳдат              

    Тибқи дастуру супоришҳои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақша чорабиниҳои Барномаи маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ барои солҳои 2021-2025, нақшаи кории шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ваҳдат 16 марти соли 2023 дар Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат" конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи "Омӯзиши пиряхҳо ва ҳифзи он" бахшида ба эълон намудани соли 2025 "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" баргузор гардид.

    Дар кори конференсия номзади илмҳои биология, дотсент, мудири кафедраи экологияи Донишгоҳи миллии Точикистон, Содиқов Ҳусейн Хидиралиевич, мудири кафедраи химия ва экологияи Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Шарифов Неъматулло, омӯзгорони Коллеҷи мазкур, мудирони кафедраҳои фанҳои химия ва биология дар мавзуъҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешоҳанги ташаббусҳо оид ба Омӯзиши пиряхҳо, Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба пиряхҳо, нақш ва аҳамияти Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 ва “Вайроншавии қабати озон ва роҳҳои пешгирии он” иштирок ва баромадҳо намуданд.

    Ҳамзамон, сармутахассиси шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ваҳдат Солиҳзода Саидирфон дар мавзуъҳои ҳифзи пиряхҳо ва аҳамияти он дар ҷумҳурӣ, қадр кардани захираҳои табиат, саҳм гузоштан дар кам кардани таъсиррасонӣ ба табиат, тозагии маҳал ва соҳил, инчунин иҷрои бандҳои нақша-чорабиниҳои “Барномаи маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои солҳои 2021-2025” баромад намуд. Дар охири конфронс аз ҷониби донишҷӯён  саволу ҷавоби ҷолиб сурат гирифта, ба саволҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.

    IMG_20230316_100539.jpg IMG_20230316_110009.jpg          

                       


    Бозгашт