| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



     Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи бабри барфӣ дар Душанбе доир шуд
    Ахбор

    Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи бабри барфӣ дар Душанбе доир шуд               


                                              


    Рӯзи 14 октябр дар шаҳри Душанбе бо ширкати намояндагони 12 кишвари бабри барфӣ конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ баргузор шуд.

    Дар конфронс муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Қиёмзода Зарафо, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Валид ибни Абдураҳмон Ар-Решаидон ва намояндаи Барномаи глобалии ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ ҷаноби Кустуб Шарма бо суханони ифтитоҳӣ баромад намуданд.

    Дар конфронс презентатсияҳо ва маърузаҳои кишварҳо оид ба тарзу усулҳои ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ ва объектҳои шикори он пешниҳод карда шуда, нақшаҳои чорабиниҳои миллӣ оид ба ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ ва самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минтақавӣ баррасӣ ва муҳокима шуданд.

    Ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва фаромарзӣ ва табодули таҷрибаву усулҳои беҳтарини ҳифзи экосистемаҳои баландкӯҳ, намудҳои нодири ҳайвонот ва махсусан бабри барфӣ ба мувофиқа расиданд.

    Рисунок1.jpg Рисунок3.jpg Рисунок4.jpg Рисунок5.jpg            


    Бозгашт