| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Озмун – викторинаи экологӣ дар шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
    Ахбор

    Озмун – викторинаи экологӣ дар шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров            

    5.JPG

    Баҳри татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» аз ҷониби кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят ва Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд, дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ давоми соли ҷорӣ баргузории як қатор чорабиниҳои экологӣ пешбинӣ гардидааст.

    Дар доираи амалисозии лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилот оид ба партовҳои уран дар Осиёи Марказӣ, марҳилаи II», ки аз тарафи САҲА дар шаҳри Душанбе дастгирӣ карда мешавад, дар шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Б.Ғафуров КВН - викторинаи экологӣ гузаронида шуд.

    Дар Қасри фарҳанги шаҳри Истиқлол бо иштироки муҳассилини 6 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр озмун - викторинаи мазкур баҳри амалигардонии нақшаи чорабиниҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва ҳифзи Замин роҳандозӣ гардиданд.

    Ба дастаҳои ғолибони озмунҳои мазкур диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Инчунин аз ҷониби намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, ҳамчун раиси ҳакамон “Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон” тақдим карда шуд. 


    Бозгашт