| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Корҳои биотехникӣ дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ
    Ахбор

    Корҳои биотехникӣ дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ                                                                

    Айни.jpg

    Дар асоси барқияи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо иқдоми шуъбаву бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ бо мақсади беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон дар якҷоягӣ бо кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳр ва иштироки намояндагони васоити ахбори омма дар парваришгоҳи Зарафшон, мавзеъҳои Тегирмон, Раҷабалӣ ва Нилуфари ш. Панҷакент ва мавзеи Дашти Искодари ноҳияи Айнӣ корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Дар ин мавзеъ ба миқдори умумии гандум - 200 кг, ҷав - 150 кг, бастаи шолӣ – 43 адад, намак – 100 кг, ҷуворимакка – 100 кг пошида шуд. Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар ҳолати сард омадани ҳаво дар дигар мавзеъҳои баландкӯҳи Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ дар назар аст.  

    Тибқи маълумот дар ин мавзеъҳо ҳайвонотҳо ба монанди хуки ёбоӣ, харгӯш, гург, хирс, бабри барфӣ, кабк ва дигар намуди парандаҳои ваҳшӣ сукунат доранд.


    Бозгашт