| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар шаҳри Истиқлол
    Ахбор

    Корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар шаҳри Истиқлол

    Дар рафти маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ гузаронидани аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Истиқлол бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист анъанавӣ буда, чунин аксияи навбатӣ бо иштироки 340 нафар омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва дигар сохтору сокинони шаҳр дар кӯчаҳои асосӣ гузаронида шудааст.

    Бо мақсади тозаву обод намудани муҳити зист маҳаллаҳои аҳолинишин, зиёда аз 2,5 км ҷӯйбор, 3 км қадди роҳ ва ҳудуди муассисаҳои таълимӣ аз ҳама гуна партовҳо тоза гардида, 60 бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд.

    Ғайр аз он, яке аз иқдомҳои беҳтрин дар обод намудани диёри худ ин таъмири роҳ ба ҳисоб рафта, дар беш аз 2 км роҳ чунин корҳо анҷом дода шудааст.

    Бояд қайд намоем, ки дар давоми сол дар муассисаҳои таълимӣ бахшида ба ҷашнҳои давлатии миллӣ чунин аксияҳои экологӣ мунтазам гузаронида мешаванд ва баҳри татбиқи нақшаи чорабиниҳо дар беҳбудии муҳити зист саҳми хонандагону ҷавонон назаррас мебошад. Дар ин раванд бурдани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист маҳсуб меёбад.

      


    Бозгашт