| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Корҳои омодагӣ ба мавсими ниҳолшинонӣ дар пойтахт
    Ахбор

    Корҳои омодагӣ ба мавсими ниҳолшинонӣ дар пойтахт               

    IMG-20221107-WA0005.jpg

    Дар доираи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мавсими ниҳолшинонии тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал” шинонидани 58163 дарахтони санавбар, можжевелник, туя, шулаш ва олуи даштӣ ба нақша гирифта шудааст.

    Тибқи нақша шинонидани дарахтон аз ҷониби сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои И. Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии хоҷагии ҷангал, Кумитаи кор бо ҷавонон ва Кумитаи ҳифзи муҳит сурат мегирад.

    Бо дастури Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе барои кандани чуқуриҳо ҷиҳати омодагӣ барои шинонидани дарахтон дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал” як қатор корҳоро анҷом доданд.

    Мутобиқ ба дастури мутахассисони соҳа ва дендрологҳо шинонидани дарахтон дар ин мавзеъ дар 1 га дар масофаи 3х3 м амалӣ карда шуда, нигоҳубини дарахтони шинонидашуда тӯли як сол ба зиммаи сохторҳои дахлдор вогузошта мешавад.

    Ёдовар мешавем, ки ҳамасола роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маъракаи ниҳолшинонии пойтахт иштироки фаъолона карда, дар муддати 2 соли охир дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз дар талу теппаҳои маҳаллаи Сари осиё, Лучоб ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ шинонида шуд, ки айни ҳол дар ҳолати хуби сабзиш қарор доранд.

    Бозгашт