| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Маҷлиси идонаи тантанавӣ бахшида ба 29-умин  солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
    Ахбор

    Маҷлиси идонаи тантанавӣ бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон                 


                                              


    3 ноябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

    Дар чорабинии идона раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон кормандонро ба ин рӯзи хуҷаста табрику муборакбод намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки Конститутсия ҳуҷҷати таърихиест, ки асосҳои сохтори давлатро аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муайян намуда, дар он муносибати давлат ва шахсиятҳо, озодии сухан, виҷдон ва рафтору кирдори ҳар як шаҳрванд ба таври амиқ ифода гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон  бахшида  ба Рӯзи Конститутсия қайд намуда буданд, ки: «Дар ҷаҳони муосир сохти демократӣ ва дунявии давлатдорӣ ба суботи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёт мусоидат кардааст. Тоҷикистон, ки ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, бунёд кардани давлатро бо назардошти арзишҳои миллӣ ихтиёр намудааст. Зеро ҳар як миллати соҳибтамаддун мувофиқи  хусусиятҳои миллӣ, таърихиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву мазҳабии худ давлатдорӣ мекунад»- қайд карда шуд зимни сухани табрикотӣ.

    Ҳамзамон, дар чорабинии тантанавӣ сармутахассиси бахши таъминоти ҳуқуқии Кумита Сайвалиев Фирдавс ва алоҳида кормандони сохторҳо баромадҳо намуда, аз ҷумла ба низоми ҳуқуқӣ даромадани тамоми фаъолиятҳо, бар пой гузоштани шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва қадам ба қадам роҳ гирифтан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ормонҳои миллӣ, дигар муваффақиятҳоро маҳз баъд аз қабул гардидани ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод намуданд.

    Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ба таври райъпурсии умумихалқӣ қабул гардида, аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад, баҳри такмил ба он 3 маротиба тариқи  райъпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардидааст.

    IMG_0886.jpg IMG_0888.jpg IMG_0896.jpg IMG_0881.jpg           


    Бозгашт