| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
    Ахбор

    Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

    5 ноябр дар толори маҷлисии Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳирии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

    Дар маҷлис матни табрикотии раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷонро ба ин муносибат муовини раиси Кумита Мавлодод Абдуқодир қироат намуд. Дар суханони табрикотӣ, аз таърихи қабул гардидани аввалин Конститутсия дар даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими низоми устувори давлатсозӣ бар асоси меъёрҳои Конститутсия, қабули қонунҳои соҳавӣ дар заминаи қонуни асосӣ, дигар паҳлӯҳои масъалаи мавриди назар суханронӣ карда шуд.

    Қайд гардид, ки Конститутсия озодӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандонро кафолат дода, нодида гирифтани ин меъёрҳо тибқи талаботҳои қонунгузорӣ ҷиноят ҳисобида шуда, гунаҳкор дар назди қонун чавоб хоҳад дод.

    Дар маҷлис, инчунин алоҳида кормандон вобаста ба яке аз муқаддасоти миллиамон Конститутсия сухан ронда, изҳор доштанд, ки ҳар нафар шаҳрванд, бояд арзишҳои миллию давлатдориро чун гавҳараки чашм кадр намуда, барои ояндаи дурахшони худу ояндагон назди қонун итоат намояд.


    Бозгашт