Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Кӯшониён
Дар ноҳияи Кӯшониён тадбирҳои оммавии экалогӣ бо иштироки васеи сокинон ва кормандони касбу кори гуногун роҳандозӣ карда шуда, дар мавзеъҳои муайяншуда, ниҳолҳои сояафкану ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишӣ бо тавсияи мутахассисони шуъбаи ҳифҳи муҳити зист шинонида мешавад.
Дар ин самт тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, ва шуъбаи ҳифзи муҳити зист маъракаи дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ дар ҷамоатҳои шаҳраки Исмоилӣ Сомонӣ Меҳнатобод, Бохтариён ва шафати шоҳроҳои ноҳия баргузор карда шуд, ки дар чорабинии мазкур роҳбарияти ноҳия, сокинон, инчунин кормандони касбу кори гуногун ширкат намуданд.
Маҳмадзода Манучеҳр сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Кӯшониён зимни суҳбат хабар дод, ки тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар мавсими имсола тибқи нақша чорабиниҳо 103 ҳазор бех ниҳолҳои гуногуни сояфкану ҳамешасабз ва ороишӣ, 355 ҳазор бех гулу буттаҳои мавсимӣ шинонида хоҳад шуд.
То ба имрӯз дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён 5 ҳазор дарахтони ҳамешасабз, 1200 адад дарахтони ороишӣ, 4 ҳазор дарахтони сояафкан ва ҳамчунин 150 ҳазор адад гулу буттаҳои мавсимӣ шинонида шудааст.
Тибқи иттилоъ масъулини шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия, дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ бароҳмонда шуда, ба ҳамин монанд корҳои кабудизоркунӣ дар ноҳияи Кӯшониён мунтазам рӯзҳои истироҳатӣ роҳандозӣ карда мешавад.