| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Маъракаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар ноҳияи Шаҳринав
    Ахбор

    Маъракаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар ноҳияи Шаҳринав             


                                              

    IMG_20231118_105950.jpg

    Шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳринав дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба муташаккилона гузаронидани корҳои ободонию кабудизоркунӣ барои мавсими ниҳолшинонии тирамоҳу зимистони соли ҷорӣ, 17 ноябри соли 2023 дар шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор-Турсунзода аксияи ниҳолшинониро баргузор намуд.

    Дар гузаронидани аксияи экологии ниҳолшинонӣ кормандони муассисаи кабудизоркунии ноҳия ва дигар кормандони сохторҳои дахлдор баҳри татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ҷавонон, донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ ҷалб карда шуданд.

    Бо мақсади беҳсозии ҳолати экологии минтақа ва ҳудуди шоҳроҳ дар рафти чорабинӣ зиёда аз 400 бех ниҳолҳои дарахтони сояафкани хамешасабз шинонида шуд. Инчунин, бо мақсади зебову хуррамгардонии ҳудуди ноҳия аз ҷониби шуъба 1500 бех ниҳолҳои гули садбарг дар шоҳроҳ шинонида шуд.

    Бояд қайд намуд, ки рафти чорабинии мазкур аз ҷониби муассисаи давлатии телевизиони “Сафина” наворгирӣ гардида, тариқи телевизиони шабакаи мазкур пахш намуд.


    Бозгашт