| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Маъракаи ниҳолшинонии навбатӣ дар шоҳроҳи Душанбе– Ваҳдат
    Ахбор

    Маъракаи ниҳолшинонии навбатӣ дар шоҳроҳи Душанбе– Ваҳдат

    2 марти соли 2023 дар қисмати рости шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Баҳор, маҳаллаи Баҳор ҳашари дастҷамъонаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.

    Дар ҳашари ниҳолшинонии мазкур раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур ва раиси шаҳри Ваҳдат Исмоилзода Мирзо Иброҳим иштирок намуданд.

    Маъракаи ниҳолшинонӣ, дар доираи Лоиҳаи «Усули ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳким бахшидани деҳқонони хурд ва чорводорон ба тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон»-и Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифт.

    Мавзеи мазкур масоҳати 1,5 гектарро дар бар гирифта, беш аз 300 адад дарахти санавбар шинонида шуд. Дар маҷмуъ дар мавзеи мазкур 1100 бех дарахти санавбар шинонида мешавад, ки обёрии онҳо тариқи қатрагин ба роҳ монда шудааст.

    Баъд аз шинонидани дарахтони гирду атрофи ҳудуди номбурда марҳила ба марҳила бо симтур махкам карда мешавад.

    DSC_0054.jpg DSC_0212.jpg DSC_0189.jpg  DSC_0140.jpg              


    Бозгашт