| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Маърифатбахшии экологии аҳолӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
    Ахбор

    Маърифатбахшии экологии аҳолӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ

                      

    рохати шохрох.jpg

    Бинобар иттилои шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Рӯдакӣ баҳри иҷрои қарори раиси ноҳияи мазкур аз 11 майи соли 2021, №801 оид ба татбиқи нақшаи чорабиниҳои “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ барои солҳои 2021-2025” дар ин ноҳия ситоди амалкунанда таъсис дода шудааст.

    Дар пайи чорабиниҳои навбатӣ аз тарафи масъулони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ дар бинои маъмурияти ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи мазкур дар мавзуи “Тозагии атроф-солимии ҷомеа” байни кормандони ин ҷамоат вохӯрӣ гузаронида шуд.

    Чунин чорабиниҳо пайваста байни табақаҳои гуногуни ҷомеа дар маҳал роҳандозӣ мешавад, ки барои беҳдошти муҳити зист ва таъмини амнияти экологии аҳолӣ мусоидат менамояд.


    Бозгашт