| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Маросими пушидашавии Конфронси V оид ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ дар Душанбе
    Ахбор

    Маросими пушидашавии Конфронси V оид ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ дар Душанбе       


                                              

    347134252_5753188814787706_4184605559950154856_n.jpg

    17 майи соли 2023 дар меҳмонхонаи «Ҳаят Риҷенси» маросими пӯшидашавии «Конфронси Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим» (CACCC-2023) аз ҷониби муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори иҷроияи Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ ва директори кишварии Бонки ҷаҳонӣ барпо гардид.

    Зимни маросими пӯшидашавии чорабинии болозикр муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод Абдулқодир масъалаҳои аҳамияти ҳамоҳангсозии талошҳои мақомоти ҳифзи муҳити зисти минтақа аз рӯи масъалаҳои баррасишуда, аз ҷумла мусоидат ва густариши муколамаи минтақавӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии амалҳо оид ба афзалиятҳои миллии иқлим ва маблағгузории иқлимро қайд намуданд.

    Дар рафти чорабинӣ иштирокчиёни Конфронс, ки ду рӯз давом карда буд, тадбирҳои пешгирии тағйирёбии иқлимро дар минтақа баррасӣ намуданд. Конфронс бо иштироки намояндагони вазоратҳои дахлдори кишварҳои Осиёи Марказӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва бахши шаҳрвандӣ баргузор гардид.

    Хотиррасон мешавем, ки Конфронси мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ ва Бонки ҷаҳонӣ дар якҷоягӣ ташкил карда шуд.

    Бозгашт