| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Мулоқот бо Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ Алваро Ларио
    Ахбор

    Мулоқот бо Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ Алваро Ларио

    7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлосияи 27-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ Алваро Ларио мулоқот карданд.

    Дар рафти вохӯрӣ масоили рушду густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ баррасӣ гардид.

    Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таҳкими робитаҳо бо ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати идомаи босамари ҳамкориҳо таъкид намуданд.

    Дар мулоқот ҷалби Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ дар инкишофи инфрасохтори соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии бахшҳои кишоварзӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолии деҳот муҳим арзёбӣ гардид.

    Барномаи имкониятҳои стратегии кишварии Хазина, ки ба дастгирии кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати амалисозии Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор ва таҳкими устувории муҳити зист равона шудааст, зарур шумурда шуд.

    Таъкид гардид, ки дар шароити тағйирёбии иқлим ва паёмадҳои он ба соҳаи кишоварзӣ таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузории Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба манфиати кор хоҳад буд. 

    Дар рафти суҳбат ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

    Сарчашма: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    http://www.president.tj/node/29540



    Бозгашт