| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо Директори Барномаи минтақавии СММ оид ба муҳити зист дар Аврупо
    Ахбор

    Мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо Директори Барномаи минтақавии СММ оид ба муҳити зист дар Аврупо

    1 марти соли 2022 дар ҳошияи иҷлосияи панҷуми Ассамблеяи Барномаи муҳити зисти СММ мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо роҳбари бюрои минтақавии Барномаи муҳити зисти СММ дар Аврупо ҷаноби Бруно Поззӣ баргузор гардид.

    Раиси Кумита ба намояндагони Барномаи муҳити зисти СММ оид ба татбиқи барномаи ҷорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла саҳми Тоҷикистон таҳвили энергияи сабз, ва шинонидани беш аз 9 миллион дарахт дар 5 соли охир дар кишвар маълумот дод, инчунин бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Точикистон дар бобати аз 2,8 фоизи тамоми ҳудуди мамлакат дар соли 1991 то ба 22 фоизи худуди ҷумҳурӣ дар соли 2020 зиёд намудани ҳудуди минтақаҳои табиии муҳофизашаванда маълумот дод.

    Дар вохӯрӣ ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон гардидани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

    Дар навбати худ ҷаноби Бруно Поззӣ қайд кард, ки Тоҷикистон яке аз шарикони фаъол дар минтақа буда, Бюрои Ассамблея ташаббусҳои пешниҳодшудаи Тоҷикистонро ба инобат хоҳад гирифт.

    Мулоқот дар фазои дӯстона гузашт ва ҷонибҳо аз рӯи тамоми масъалаҳо ба мувофиқа расиданд.


    Бозгашт