Мулоқоти раиси Кумита бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
20 июли соли 2022 дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар шаҳри Ню-Йорк, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо Лиу Женмин, муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мулоқот аҷном дод.
Қобили қайд аст, ки зимни воӯрии мазкур Шерализода Баҳодур оид ба аҳамияти ҳамкории судманди Тоҷикистон бо ниҳодҳои СММ дар самти ҳифзи муҳити зист ва аз саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи кишвар ҷиҳати татбиқи ҳадафу вазифаҳои Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим ёдовар шуд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо таъсири тағйирёбии иқлим ба соҳаҳои мухталифи Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, аз зарурати ҳифзи муҳити зист ва рушди устувори иқтисодиёт баҳри расидан ба ҳадафу вазифаҳои Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Инчуни бояд зикр намуд, ки муовини Дабири кулли СММ нақши кишварро дар пешбарии масъалаҳои обу иқлим дар арсаи байналмилалӣ муҳим арзёбӣ карда, саривақтӣ будани ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро таъкид намуд.