| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо Вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Ахбор

    Мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо Вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Озарбойҷон               


                                              


    29 октябри соли 2024 дар доираи Конфронси 16-уми ҷонибҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ, ки дар Ҷумҳурии Колумбия баргузор гардида истодааст, мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Озарбойҷон, Президенти 29-умин Конференсияи тарафҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ҷаноби Мухтар Бабайев анҷом дода шуд.

    Дар рафти вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи экология, ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла идоракунии захираҳои табиӣ, тағйирёбии иқлим, мутобиқшавӣ ва баргузории 29-умин Конференсия тарафҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлимро, ки дар нимаи аввали моҳи ноябр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озорбойҷон баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор доданд. Инчунин, ҷонибҳо таваҷҷӯҳи махсусро ба талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар татбиқи Конвенсияҳо оид ба гуногунии биологӣ ва мубориза ба биёбоншавӣ, зоҳир намуданд.

    Раиси Кумита қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт, қайд карданд.

    Вохӯрии мазкур дар фазои якдигарфаҳмӣ ҷараён гирифта, аз ҷониби раиси Кумита Шерализода Б. А., вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо, ки тибқи Қатъномам СММ соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, расман даъват карда шуд.

    wrtkf47n62n0xtozem9pbod0p4w5znec.jpg omgomie3n47achbmskxqxwhu546lvu4w.jpg              


    Бозгашт