| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Намоиши дастовардҳои Кумита дар Ҷашни Сада
    Ахбор

    Намоиши дастовардҳои Кумита дар Ҷашни Сада

    Санаи 30 январи соли 2022 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Сада дар фазои идона таҷлил карда шуд. Дар ҷашни мазкур баробари вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ғайра дастовардҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он низ ба маърази тамошо гузошта шуд.

    Комисияи ҳукуматӣ зери роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ аз дастовардҳои ба маъраз гузошташуда дидан намуда, ба дастранҷи онҳо баҳои баланд доданд.

    Сокинону меҳмонон аз намоишгоҳи дастовардҳои деҳқонон ва ҳунарҳои мардумӣ ва оташафрӯзиҳо, ки рамзи хоси  Ҷашни ниёгонамон Сада мебошанд, ҳаловат бурданд.  Дастовардҳои намоишии Кумита ва мақомоти зертобеи он низ, ки аз муҷассамаҳои гӯсфани Марко Поло, хаймаҳои ҷангалбонон, сурату мусаввараҳои  мамнӯъгоҳҳо, табиати нотакрори диёр,  лабораторияи сайёр, варақҳои тарғиботӣ иборат буд, аз ҷониби дастгоҳи марказии Кумита, «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», сарраёсатҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе, вилояти Суғд, дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба намоиш гузошта шуда буд, инчунин ширинкорон бо либоси ҷонварони афсонавӣ ҷилва дода, таваҷҷуҳи сокинону меҳмонон, аз ҷумла кӯдаконро ба худ ҷалб намуданд. 

      

    
    Бозгашт