| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Насби лавҳаҳои таблиғотӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

    Насби лавҳаҳои таблиғотӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ                                                             

    лавҳаҳои огоҳӣ дар н Чоми.jpg

    Масъулини бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ҷиҳати амалигардонии иҷрои супоришҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон корбарӣ намуда, баҳри сазовор истиқбол гирифитани 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии кишвар корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодаанд.

    Аз ҷумла, кормандони ниҳод баҳри ба танзим даровардани партовҳои истеъмолӣ дар нуқтаҳои ҷамъоварии муваққатии партовҳо, инчунин бо мақсади пешгирии ҷойгиршавии партовҳо дар ҷойҳои ғайрирасмӣ чораҷӯӣ намуда, пайваста миёни аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии сокинон мусоидат мекунад.

    Бо ин мақсад аз ҷониби намояндагони бахши ҳифзи муҳити зист дар ҷамоатҳои деҳоти Панҷоҳсолагӣ, Каленин, деҳаҳои Обшорон ва Ваҳдат, дар ҷойҳои муқарраргардида, 2 адад лавҳаҳои огоҳӣ ҷиҳати ҷойгиронии партовҳо насб карда шуд.

    Инчунин, дар даромадгоҳ ва Ҷамоати шаҳраки ноҳияи мазкур шиору овезаҳои таблиғотї оид ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, олами набототу ҳайвонот ва шиору овезаҳои таҷассумкунандаи 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон насб карда шудааст.


    Бозгашт