Натиҷагирӣ аз фаъолияти моҳи октябр дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе
Дар толори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе ҷаласа оид ба ҷамъбасти фаъолияти Сарраёсат дар моҳи октябр доир гардид.
Раҳмонзода Л. Ш., сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе зимни суханронӣ афзуд, ки дар муқоиса ба моҳи сентябри соли ҷорӣ барои вайрон намудани талаботҳои қонунгузориҳои ҳифзи муҳити зист нисбат ба 264 нафар протокол тартиб дода шудааст, ки нисбати моҳи сентябр ҷаримаҳои басташуда 16 адад зиёд мебошад.
Қайд гардид, ки ҷиҳати иҷрои фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории аксияҳои “Тозагии соҳил” ва “Тозагии маҳал” танҳо дар моҳи октябр дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт 6 маротиба аксияи “Тозагии соҳил” гузаронида шуда, 5987 метри тӯлонӣ соҳили дарёву рудхонаҳо ва ҳудуди каналҳо тоза гашта, дар ҳаҷми 46 м3 партов бароварда шуд.
Зимнан таъкид гардид, ки бо дастгириҳои пайвастаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо 11 маротиба аксияи “Тозагии маҳал” баргузор гашта, дар ҷараёни аксия 108,9 м3 партовҳои сахти маишӣ ҷамъоварӣ ва тавассути техникаҳои махсуси раёсатҳои истифодабари роҳҳо ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд.
Бо мақсади сазовор таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи техникии корхонаҳои махсуси партовкашон ва реҷаи барориши партов зери назорати Сарраёсат қарор дода шуда, роҳбарони корхонаҳои воҳиди давлатии партовкашони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур таъмиру таҷдиди 1761 адад нуқтаҳои партовҷамъкунӣ, рангуборкунии қуттиҳо, гузоштани дарвоза дар нуқтаҳои партов ва насби навиштаҷотро дар нуқтаҳои муайяншуда амалӣ намуда истодаанд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ дар ин давра 26 суҳбату вохӯрӣ бо аҳолӣ ва муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуда, барои роҳ надодан ба сӯзиши баргу хазон 300 адад варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон ва кормандони соҳаҳои мухталиф дастрас карда шуд.