| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Натиҷагирӣ аз фаъолияти нуҳмоҳаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе
    Ахбор

    Натиҷагирӣ аз фаъолияти нуҳмоҳаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе             


                                              

    IMG_20231005_142153.jpg

    Дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе ҷаласа вобаста ба натиҷагирии фаъолияти нуҳмоҳаи Сарраёсат ва шуъбаҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳои пойтахт бо иштироки Абдуқодир Мавлодод баргузор гардид. Лоиқ Раҳмонзода, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе зимни таҳлили фаъолияти сохтор қайд намуд, ки дар ин давра нисбати 2140 нафар қонуншикан чораҳои маъмурӣ андешида шудааст.

    Ҳамзамон гуфта шуд, ки ҷиҳати иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра 55 маротиба аксияи “Тозагии соҳил” гузаронида шуда, дар масофаи 45639 метри тӯлонӣ соҳил тоза гашта, дар ҳаҷми 864,9м3 партов ҷамъоварӣ ва бароварда шуд. Дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт 83 маротиба аксияи “Тозагии маҳал” доир гашта, дар ҳаҷми 244,1 м3 партов бароварда шуд.

    Дар самти корҳои ободонӣ тибқи қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе дар мавсими ниҳолшинонӣ ба миқдори 265185 бех ниҳолҳои ороишӣ, сояафкан, мевадиҳанда, буттагӣ шинонида шуд. Дар масоҳати 116958 м2 майсазор кишт гашта ва ба миқдори 15 947 307 адад гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида шуд.

    Вобаста ба иҷрои “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар муассисаҳои таълимӣ ва байни аҳолӣ 153 вохӯрӣ гузаронида шуд.

    Баъдан, Мавлодод Абдуқодир, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои нуҳмоҳаи Сарраёсатро мавриди таҳлил қарор дода, масъулинро вазифадор намуд, ки нисбати камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои мушаххас андешанд.

    Дар ҷаласа, Салимзода Шамсулло, сардори Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва назорати Кумита иштирок ва суханронӣ кард.


    Бозгашт