| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Натиҷагирии фаъолияти Сарраёсат ва шуъбаю бахшҳои ҳифзи  муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои  вилояти Хатлон дар нуҳмоҳаи соли 2022
    Ахбор

    Натиҷагирии фаъолияти Сарраёсат ва шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар нуҳмоҳаи соли 2022                                                                                                    

    сардлот Сарраёсат.jpg

    8-уми октябри соли ҷорӣ дар толори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ҷаласаи  Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон оид ба фаъолияти нуҳмоҳаи  соли 2022 мақомоти соҳавии мазкур  доир шуд, ки дар он намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, кормадони дастгоҳи марказии Сарраёсат ва шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок доштанд.

    Сардори Сарраёсат Саидзода Идило аз натиҷаи фаъолияти нуҳмоҳаи Сарраёсат ва шуъбаю бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маърӯза намуд.


    аз толор.jpg

    Дар идомаи ҷаласа аз кори мудирони шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои   Дӯстӣ, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Хуросон ва чанде аз дигар пурсиш ба амал оварда шуд.

    Қайд гардид, ки бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи “Тозагии соҳил” ва “Тозагии маҳал” пайваста гузаронида шуда, ба тозагиву озодагии деҳоту шаҳраки ҳудуди вилоят таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шавад.


    Бозгашт