| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ниҳолшинонӣ дар минтақаи истироҳатии  шаҳри Гулистон
    Ахбор

    Ниҳолшинонӣ дар минтақаи истироҳатии шаҳри Гулистон

    Новобаста аз давом ёфтани боришот, номусоид омадани обу ҳаво ҷиҳати гузаронидани аксияҳои экологӣ ва оммавӣ баргузор намудани маъракаи ободонию кабудизоркунӣ, рӯзҳои истироҳат дар шаҳри Гулистон 300 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабзи ардач дар қадди роҳи минтақаи истироҳатии «Ташкентский» бо иштироки беш аз 60 нафар намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи муҳити зист, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва шаҳрвандон шинонида шуд.

    Дар натиҷа қариб 1,5 км ду тарафи қадди роҳ обод гардид.

         Мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ тибқи нақшаҳои пешбинигардида корҳои ободонӣ ва ниҳолшинониро амалӣ менамояд.


    Бозгашт