| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ниҳолшинонӣ дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон
    Ахбор

    Ниҳолшинонӣ дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон

    Мавсими кабудизоркунӣ  дар шаҳри Левакант бомаром идома дошта, ин навбат тибқи нақша ҳашари оммавии ниҳолшинонӣ ташкил карда шуд, ки дар он кормандони тамоми ташкилоту идораҳои шаҳрӣ фаъолона ширкат намуданд.

    Имсол дар шаҳри Левакант шинонидани 9 ҳазор бех ниҳолони сояафкану ҳамешасабз ва даҳҳо ҳазор гулҳои гуногун, аз ҷумла садбарг ва лола ба нақша гирифта шудааст.

    Мувофиқи иттилои масъулин дар ҳудуди шаҳри Левакант хоҷагиҳои махсуси ниҳолпарварӣ фаъолият мекунанд, ки баробари таъмини талаботи шаҳр, ҳамзамон барои дастрасии дигар шаҳру ноҳияҳои атроф бо ниҳолони гуногун дар мавсими кабудизоркунӣ мусоидат менамоянд.

    Дар иқдоми навбатии экологӣ 5 ҳазор бех ниҳолони дарахтони хушсифати ҳамешасабзу ороишӣ аз ниҳолхонаҳои шаҳр дастрас карда шуда, бо риояи талаботу қоидаҳои агротехникӣ шинонида шуд.

      
    
    Бозгашт