| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Нишасти хабарии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
    Ахбор

    Нишасти хабарии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд             


                                              

    изображение_viber_2023-08-08_10-56-02-433.jpg

    Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 8 августи соли равон нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи идораи замин, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2023 доир гардид.

    Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқатӣ», «Ризқофарин», «Нилуфар», «Кайҳон», «Сайҳун», «Соҳил», «Саломат бошед», оҷонсиҳои иттилоотии «Азия Плюс, «Озодӣ», «Сугднюс», «Спутник», телевизионҳои Суғд, ШТР «Азия», СМ-1, «Сафина», «Синамо», «7 Ситора», радиоҳои «Тоҷикистон», «Замон» ва «Пайванд» дар маҷмӯъ 32 нафар намояндагон иштирок доштанд.

    Ба рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар нимсолаи якуми соли 2023 дастрас гардид.

    Дар рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон оид ба таъмини мақомот бо мутахассисони соҳавӣ, риояи талаботҳои конунгузорӣ дар ҳолати бурриши дарахтон ҳангоми сохтмони биноҳо, сарсабз нигоҳ доштани дарахтони ороишӣ ва нигоҳубини он, шикояти сокинон аз дуди ғализи корхонаҳои саноатӣ ва тадбирҳои амалӣ гардида, натиҷаҳои чорабиниҳо дар давраи манъи сайди моҳӣ, ғайриқонунӣ бурриши дарахтон ва дар кадом шаҳру ноҳияҳо бештар ошкор гардидани он ва дигар масъалаҳо вобаста ба ҳифзи муҳити зист ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

    Бозгашт