| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Об ҳасту ҳаёт пойдор аст
    Ахбор

    Об ҳасту ҳаёт пойдор аст

    Аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент дар асоси барқияи Сарраёсат ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар МТМУ №113-и деҳаи Тагоби халқ ҷамоати деҳоти Вору ва МТМУ №3 шаҳри Панҷакент зери унвони «Об ҳасту ҳаёт пойдор аст» вохӯриҳо гузаронида шуд.

    Зимни суханронӣ мутахассисони бахш оид ба ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳаллу фасл ва дарёфти роҳу усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба об, самаранок истифода бурдани захираҳои об, иштироки фаъолона дар аксияи «Тозагии соҳил» баромадҳо намуданд. 


    Бозгашт