| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Омӯзиш барои беҳтар намудани ҳамкорӣ байни ташкилотҳои ҳавзавӣ ва шӯроҳои дарёи Кофарниҳон
    Ахбор

    Омӯзиш барои беҳтар намудани ҳамкорӣ байни ташкилотҳои ҳавзавӣ ва шӯроҳои дарёи Кофарниҳон                                             

    28 апрели соли 2023 года дар толори маҷлисии меҳмонхонаи «Румӣ» омȳзиши «Асосҳои ҳуқуқии ташкили фаъолияти Ташкилоти ҳавзавии дарё ва Шȳрои ҳавзавии дарё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Мақсади чорабинӣ, баланд бардоштани иқтидор ва мустаҳкам намудани механизми ҳамкории гурȳҳҳои кории ташкилотҳои ҳавзавии дарёи Кофарниҳон оид ба идоракунии ҳамгироиёнаи захираҳои обу замин, ки ба тағйирёбии иқлим тобоваранд, мебошад.

    Дар рафти омȳзиш, аз ҷумла, хусусиятҳои ислоҳоти соҳаи об ва банақшагирии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон, идоракунии ҳамгироиёнаи захираҳои обӣ (ИҲЗО), принсипҳо ва татбиқи он дар Тоҷикистон, инчунин тартибу усулҳои банақшагирии идоракунии об дар сатҳи ҳавзаҳои дарёҳо, зерҳавзаҳо ба манфиати истифодабарандагони об шарҳ дода шуд. Инчунин, дар рафти омȳзиш мавзуъҳои тартиби таҳияи баланси об дар сатҳҳои ҳавзавӣ ва зерҳавзавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, нақшаи чорабиниҳо оид ба об ҳамчун механизми идоракунии обҷамъкунӣ дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон ва тартиби ташкилдиҳӣ, муносибатҳои шартномавӣ, принсипҳои кор ва натиҷаҳои фаъолияти идораҳои санитарию мелиоративии вилоятӣ муҳокима карда шуд. Дар сессияҳои ниҳоии омȳзиш мавзуъҳои таҳияи нақшаи истифодаи об дар соҳаи обдиҳӣ (обёрӣ) ва нақши барномаи биллингӣ дар танзими муносибатҳои молиявии шуъбаҳои беҳдошти замини минтақавӣ тавассути пардохтҳои ғайринақдӣ кор карда шуданд.

    Лоиҳа барои бартараф кардани таъсири назарраси иҷтимоию иқтисодии тағйирёбии иқлим ба воситаҳои зиндагии ҷамоатҳои осебпазир, инчунин баланд бардоштани ҳосилнокии кишоварзӣ ва дастрасии об тавассути ҷузъҳои лоиҳа дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон равона карда шудааст.

    Барои иштирок дар омȳзиш намояндагони тамоми сохторҳои дахлдор, ҳам Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шуданд.

    Лоиҳа аз ҷониби Фонди мутобиқшавӣ маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.

    DSC_0018.jpg DSC_0022.jpg DSC_0088.jpg DSC_0120.jpg          

                  

                       


    Бозгашт