| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Омӯзиши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба кормандони Кумита
    Ахбор

    Омӯзиши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба кормандони Кумита                                                                   

    IMG_6228.jpg

    Тибқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоме пеш гирифт, ки омӯзиши ҳатмии китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро дар мақомоти худ ба роҳ монад.

    Бо ин мақсад санаи 21 июли соли ҷорӣ дар толори маҷлисии дастгоҳи марказии Кумитаи мазкур бо иштироки кормандон омӯзиши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ташкил ва гузаронида шуд.

    Дар аввал маҷлиси маърифатиро сардори Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва назорати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шамсулло оғоз бахшида, суханро ба сармутахассиси Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон Аминзода Шамсулло дод.

    Сипас, мавсуф нақши китоби «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров дар баланд бардоштани ҳуввияти миллиӣ, аз ҷумла ҷавонон, инчунин паҳлуҳои дигари вобаста ба масъалаҳои ҳаёт ва фаъолияти Б. Ғафуровро ба таври муфассал шарҳу маънидод намуд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати донистани мероси гузаштагони худро барои баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ таъкид намуда, баён доштанд, ки:          «Мо – тоҷикон мероси гаронбаҳову ҷовидонаи ҳанӯз беш аз ҳазор сол қабл ба ёдгор гузоштаи ниёгони худро бе ягон мушкилӣ мехонем, мефаҳмем, барои тарбияи наслҳои навраси халқамон истифода мебарем ва ба мардуми олам муаррифӣ мекунем” .

    Шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон», на танҳо дар таърихнигории ватанӣ, балки дар миқёси кишварҳои хориҷӣ низ шуҳрату шаҳомати беандозаро дорад. Аксари муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ ақидаи комилан дурусти илмӣ ва ҳаётии шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро аз ҷиҳати масъалагузорӣ, таҳқиқу пажӯҳиш, таҳлилу муқоиса ва хулосаҳо ҷамъбаст карда, зикр намудаанд. Аз ин ҳама хулосаҳои илмӣ маълум мегардад, ки китоби мавриди назар дар сатҳи ниҳоят баланди илмиву эҷодӣ таълиф ёфтааст.

    Дар қисмати дигари ҳамоиш перомуни китоби мазкур саволу ҷавоб сурат гирифт, ки барои боз ҳам баланд бардоштани худшиносӣ ва ватандӯстии кормандон мусоидат менамояд.


    Бозгашт