| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Омодагиҳо ба Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Турсунзода
    Ахбор

    Омодагиҳо ба Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Турсунзода

    Дар шаҳри Турсунзода баҳри пешвоз гирифтани Наврӯзи оламафрӯз корҳои ободонӣ бомаром идома дорад. Дар доираи омодагиҳо, аз ҷумла ба нақша гирифта шуда буд, ки 40 ҳазор гулҳои мавсимӣ шинонида шавад, то имрӯз беш аз 12 ҳазор дар қитъаҳои муайяншуда шинонида шудааст ва корҳо тибқи нақша бо назардошти мусоидати боду ҳаво рафта истоданд.

    Ҳамзамон, бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об, ки 22 марти соли ҷорӣ баргузор мегардад, баргузории аксияҳои экологӣ, корхои ободонӣ, кабудизоркунӣ вусъат ёфта, зери назорати доимии мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода қарор дорад.

      


    Бозгашт