| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Омодагиҳо барои сазовор таҷлил гирифтани Истиқлолияти давлатӣ
    Ахбор

    Омодагиҳо барои сазовор таҷлил гирифтани Истиқлолияти давлатӣ                                                                              

    1662350816581 (1).jpg

    Истиқлолияти давлатӣ муқаддасттарин ҷашни миллӣ барои ҳар як давлати соҳибихтиёр ба шумор меравад ва хушбахтона халқи бузурги тоҷик ин неъмати бузургро доро мебошад.

    Имрӯзҳо ба ифтихори таҷлили сазовори Ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла беҳбуд бахшидани ҳолати экологии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо вусъат идома дошта, ҳар як фарди ватандӯст дар ҷои худ саҳмгузорӣ намуда истодааст.

    Бо ин мақсад, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист низ ҳар рӯзи шанбе, дар ҷойҳо аксияҳои экологӣ, ба монанди “Тозагии маҳал”, “Тозагии соҳил” ва шанбегиҳо гузаронида, аҳолиро баҳри беҳдошти муҳити зист ташвиқ менамоянд.

    Аз ҷумла, шанбеи 3 сентябри соли ҷорӣ дар саҳни бинои дастгоҳи марказии Кумита бо иштироки кормандон шанбегии умумӣ баргузор гардид. Дар рафти баргузории шанбегӣ иштирокдорон ба корҳои тозагиву озодагӣ ва сабзухуррамгардонии ҳудуди атрофи бино машғул гардида, баҳри ободии муҳити зист саҳми худро гузоштанд.


    Бозгашт