| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Паём дар меҳвари таваҷҷуҳи кормандони соҳа
    Ахбор

    Паём дар меҳвари таваҷҷуҳи кормандони соҳа                                                              

    IMG_0113.JPG

    Дар толори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ҷаласа баргузор гардид.

    Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе зимни суханронӣ афзуд, ки Паёми навбатии сардори давлат ба самтҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҳамчунин паёмадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон дахл карда шуд.

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст. Ҳамин аст, ки санаи 14 декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутаҳид дар бораи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кардани соли 2025 ва 21 март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо”, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард.

    Боиси ифтихор ва фараҳмандист, ки ин панҷумин пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Мутаҳид қабул гашта, обруву манзалати Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт.

    Сардори Сарраёсат масъулонро вазифадор намуд, ки ҷиҳати татбиқи дастурҳои Паёми Пешвои миллат нақша-чорабинӣ тарҳрезӣ намуда, барои амалишавии нуқтаҳои дар Паём зикргардида, корҳои мушаххас анҷом диҳанд.

    Бозгашт