| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ
    Ахбор

    Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ             


                                              


    Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ бо ибтикори кишварҳое таъсис ёфтааст, ки макони зисти бабри барфӣ мебошанд.

    23 октябри соли 2013 дар Форуми якуми умумиҷаҳонӣ оид ба ҳифзи бабри барфӣ, ки дар Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд, Эъломияи Бишкек оид ба ҳифзи бабри барфӣ қабул карда шуд. Онро намояндагони 12 кишвари бабри барфӣ: Афғонистон, Бутан, Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Непал, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имзо кардаанд.

    Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ бори аввал 23 октябри соли 2014 ҷашн гирифта шуд. Ҳадафи он ҷалби таваҷҷуҳи одамон ба аҳамияти ҳифзи саршумори бабри барфӣ, муттаҳид кардани кӯшишҳои созмонҳои экологӣ дар кишварҳои дорои бабри барфӣ, инчунин хотиррасон кардани аҳаммияти андешидани тадбирҳо барои пешгирии шикори ғайриқонунӣ мебошад.

    Бабри барфӣ ё Озодапаланг, ки ба таври дигар бо номи паланги барфӣ маъмул аст, аз оилаи гурбашаклон аст. Баданаш дарози каҷ аст. Дарозии бадан то 130 см, думаш 90–100 см, қадаш дар хушкӣ 50–60 см вазни бадани нарина, ки аз модаҳо калонтар аст ба 45–55 кг, модинаҳо ба 22–40 кг мерасад. Мӯяш ғафс, думаш дароз ва пашмин аст. Ранги дуддода, қаҳваранг-хокистарранг, доғҳои калони торики сиёҳ дорад. Пӯсти зимистонааш хокистарранг, қариб сафед аст.

    Ин ҷонвари нодир ба далели камшумораш ва хатари шомил шудан дар қатори навъҳои зери хатари нобудшавӣ қарорд дошта ба Китоби сурхи байналмилалӣ ворид шудааст. Дар айни замон шумораи бабри барфӣ дар ҷаҳон аз 4080 то 6590 сарро ташкил медиҳад. Шумораи умумии бабри барфӣ дар Тоҷикистон аз 350 то 400 сарро ташкил медиҳад.

    Шикори бабри барфӣ дар ҳама кишварҳое, ки дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, мамнӯъ аст ва бабри барфӣ дар замимаи 1 Конвенсияи CITES (Конвенсия байналмилалии оид ба савдои намудҳои ҳайвоноти ёбоӣ ва қисматҳои онҳо зери хатари нобудшавӣ қарор дошта) дохил карда шудааст.

    Ҳамасола бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ бо иштироки олимону мутахассисон оид ба ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ ва намудҳои шикории он дар Тоҷикистон конфронсу мизҳои мудаввар баргузор мешавад. Имсол аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 14 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ бо иштироки намояндагони 12 кишвари ҷаҳон макони сукунати бабри барфӣ баргузор гардид. Дар конфронс оид ба ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ, масъалаҳои мониторинг ва омӯзиши он ва объектҳои шикории он ва самтҳои ҳамкорӣ дар сатҳи минтақавӣ, ҷаҳонӣ ва фаромарзӣ маърӯзаю баромадҳо шунида шуданд.

    Бозгашт