| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Семинар дар мавзӯи “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар ноҳияи Дустӣ
    Ахбор

    Семинар дар мавзӯи “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар ноҳияи Дустӣ

    Бо мақсади амалигардонии иҷрои Нақшаи чорабиниҳои даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” 22-март рӯзи ҷаҳонии об, ки ҳамасола қайд карда мешавад, бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Дӯстӣ, дар бинои қасри фарҳанги ноҳия, семинар бо ҷалби ташкилотҳои дахлдори ноҳия ташкил ва баргузор карда шуд.

    Дар семинар оид ба истифодаи самараноки об ва аз худ намудани меъёрҳои ҳуқуқии истифодабарии об дар заминҳои кишоварзӣ, махсусан хоҷагиҳои фермерӣ ибрози назар карда шуд. Дар кори семинар 25 нафар ширкат намуда, оид ба масъалаҳои баррасишуда маълумотҳои зарурӣ пайдо намуданд.


    Бозгашт