| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Семинар–вохӯрӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии об – 22 март дар Коллеҷи омӯзгории МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафурови ш.Хуҷанд
    Ахбор

    Семинар–вохӯрӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии об – 22 март дар Коллеҷи омӯзгории МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд    ба номи академик Бобоҷон Ғафурови ш.Хуҷанд

    Оид ба иҷрои нақшаи кории Кумита ва шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд, татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" бо иштироки корманди шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар Коллеҷи омӯзгории МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ш. Хуҷанд вохӯрӣ - семинар гузаронида шуд.

    Аз ҷониби корманди шуъба ва омӯзгорони коллеҷ оид бо мақсади эълон намудани ин санаи экологӣ аз ҷониби СММ, ба масъалаҳои об дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор шинохта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба бандҳои нақшаи чорабиниҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ҳифз ва нигаҳдории захираҳои обӣ баромадҳо карда шуд.

    Баргузории чунин вохӯриву семинарҳо, тарғиби санаҳои экологӣ барои баланд бардоштани донишу маърифати экологӣ мусоидат менамояд.

     


    Бозгашт