Семинари минтақавӣ оид ба «Истифодаи синергетикӣ: амали ҳамгирошудаи замин, гуногунии биологӣ ва иқлим»
Рӯзҳои 15-16 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканти Ҷумҳурии Ӯзбекистон семинари минтақавӣ оид ба расонидани натиҷаҳо: «Истифодаи синергетикӣ: амали ҳамгирошудаи замин, гуногунии биологӣ ва иқлим барои беҳтар намудани мониторинг ва ҳисобот оид ба сармоягузорӣ дар ислоҳоти устувори системаи кишоварзӣ ва озуқаворӣ дар Осиёи Марказӣ» баргузор гашт, ки дар он намояндагони мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла коршиносон ва мутахассисон аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мақсад аз баргузории семинари минтақавии мазкур шинос кардани ҷонибҳои манфиатдор оид ба натиҷаҳои тадқиқотҳо, ки ба дастгирии равандҳои банақшагирии миллӣ ва татбиқи ҳамоҳангшудаи бетарафии таназзули замин, саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншудаи кишварҳо, маблағгузории чорабиниҳо оид ба мубориза бар зиддӣ таназзули замин, барқарорсозии экосистемаҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, инчунин стратегияҳои миллии гуногунии биологӣ ва нақшаҳои амал дар робита ба идоракунии устувори замин дар кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон мебошад.
Намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар рафти баррасии масъалаҳо фаъолона иштирок намуда, фикру мулоҳизаҳои худро баҳри татбиқи нақшаҳои дар солҳои минбаъда дар минтақа, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишаванда иброз доштанд.