| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Семинари омӯзишӣ - амалӣ бахшида ба 22 март - Рӯзи байналмилалии об
    Ахбор

    Семинари омӯзишӣ - амалӣ бахшида ба 22 март - 

    Рӯзи байналмилалии об

    Дар толори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бахшида ба санаи 22 март - Рӯзи байналмилалии об ва ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», семинари омӯзишӣ - амалӣ барои мутахассисони вобаста ба самти ҳифзи захираҳои об баргузор гардид.

    Дар кори семинар тибқи барнома аз ҷониби сармутахассисони сарраёсат барои иштирокдорон баромадҳо дар бораи «Моҳияти санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ дар самти ҳифзи захираҳои об», «Фаҳмонидани моҳияти моддаҳои 173, 174, 175, 176, 178, 179-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашри нави соли 2020», «Тарзи гирифтани намунаҳои партовобҳо барои ташхис ва муҳлати гирифтани он» ва «Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда шуд.

    Ҳамзамон дар қисмати муҳокимаи маърӯзаҳо саволу ҷавоб бо сармутахассисон оид ба ҳуқуқ ва шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби сарраёсат сурат гирифт.

    Семинари мазкур дар арафаи Рӯзи байналмилалии об бо мақсади расонидани ёрии амалӣ ба мутахассисони вобаста ба самти истифода ва ҳифзи захираҳои оби мақомоти ҳифзи муҳити зист дар иҷрои вазифаҳои касбӣ дар пешбурди фаъолияти минбаъда гузаронида шуд.


    Бозгашт