| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Семинари омӯзишӣ барои кормандони озмоишгоҳҳо дар мавзуи “Мониторинги сифати обҳои рӯизаминӣ”
    Ахбор

    Семинари омӯзишӣ барои кормандони озмоишгоҳҳо дар мавзуи “Мониторинги сифати обҳои рӯизаминӣ”             


                                              

    20241008_120152.jpg

    8 октябри соли ҷорӣ дар толори конфронсгузаронии меҳмонхонаи “Атлас”-и шаҳри Душанбе бо иштироки мутахассисони Институти муҳити зисти Финландия (SYKE) ва мутахассисони озмоишгоҳҳои Маркази назорати таҳлилии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии обуҳавошиносӣ дар доираи лоиҳаи “Рушди мониторинги обҳои рӯизаминӣ дар Тоҷикистон тавассути мудирияти сифат ва ҳамкорӣ” семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

    Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии муовини раиси Кумита Раҳмонзода Л. Ш. оғоз гардида, аз номи Кумита ба роҳбарияти Институти муҳити зисти Финландия ҷаноби Тэро Эклим барои ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон, саҳм гузоштан дар баланд бардоштани сатҳи донишу малакаҳои кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист изҳори миннатдорӣ намуд. Қайд гардид, ки дар доираи лоиҳаи болозикр аз ҷониби Институти муҳити зисти Финландия ба озмоишгоҳҳои Кумита ва Агентии обуҳавошиносӣ ҷиҳати санҷиши сифати обҳои дарёҳо таҷҳизотҳои муосир ба монанди спектрофотометр, кондуктометр ва таҷҳизотҳои муайянкунандаи металҳои вазнин кумак карда шуданд, ки ин ба беҳтар гаштани иқтидори санҷишгоҳҳо боис гардид. Дар охири суханронӣ аз ҳамкориҳои судманд бо Институти муҳити зисти Финландия ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардидани фаъолияти санҷишгоҳҳои Кумита ва Агентии обуҳавошиносӣ таъкид ба амал оварда шуд.

    Ёдовар мешавем, ки дар доираи барномаи семинари омӯзишӣ, ки барои ду рӯз ба нақша гирифта шудааст, мутахассисони зерсохторҳои Кумита аз вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳри Турсунзода аз таҷрибаи ҳамтоёни финландӣ бохабар гашта, ҷиҳати мудирияти сифати обҳо донишу таҷрибаи андӯхтаашонро дар амал татбиқ менамоянд.


    Бозгашт