| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Семинари омӯзишии навбатӣ дар мавзуи “Намоишдиҳии коркарди ғайриҳароратии партовҳои дорои дуст дар кишварҳои Осиёи Миёна”
    Ахбор

    Семинари омӯзишии навбатӣ дар мавзуи “Намоишдиҳии коркарди ғайриҳароратии партовҳои дорои дуст дар кишварҳои Осиёи Миёна”               


                                              


    14 сентябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишии навбатӣ оид ба татбиқи лоиҳаи “Намоишдиҳии коркарди ғайриҳароратии партовҳои дорои дуст (дихлор-дифенил-трихлорэтан) дар кишварҳои Осиёи Миёна” баргузор гардид.

    Семинари мазкурро директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии иҷрои Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ»-и Кумита, Ҷураев Абдусалим оғоз бахшида бо усули содабаён ва ба таври муфассал шарҳу маънидод кард.

    Вобаста ба мавзуи матраҳшуда саволу ҷавоб сурат гирифта, ба саволҳои додашуда аз ҷониби маърузачӣ ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

    DSC_0495.jpg DSC_0498.jpg              


    Бозгашт