| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Суханронии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи панҷуми Ассамблеяи муҳити зисти СММ
    Ахбор

    Суханронии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи панҷуми Ассамблеяи муҳити зисти СММ

    1 марти соли 2022 раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи панҷуми Ассамблеяи ҳифзи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист, ки дар қароргоҳи Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳида дар пойтахти Кения — Найроби гузаронида шуда истодааст, суханронӣ намуд.

    Дар суханронии раиси Кумита зикр гардид, ки Тоҷикистон ҳудуди шаст дар сади захираҳои оби Осиёи Марказиро ташаккул дода, макони асосии пиряхҳои минтақа мебошад. Қисми асосии захираҳои об дар кишвари мо ташаккул ёфта, он дар таъмини обу ҳаво, рушди устувори тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ нақши муҳим мебозад.

    Инчунин, ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон гардидани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

    Ҳамин тариқ, Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад, ки тавассути он имкон мегардад, ки нерӯ ва захираҳо барои тадбирҳои амалӣ барои ҳифзи пиряхҳо – муҳимтарин манбаи оби тоза дар Осиёи Марказӣ сафарбар карда шаванд.

    Ҳамчунин, зикр гардид, ки сарфи назар аз саҳми ҳадди ақали кишвари мо дар партовҳои газҳои гулхонаӣ, Тоҷикистон дар таҳрири навшудаи Саҳми Миллии Муайяншуда дар соли 2021 уҳдадориҳои афзояндаи коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ ба дӯш гирифт.

    Раиси Кумита ба вакилони иҷлосия иттилоъ дод, ки тайи 5 соли охир дар кишвар беш аз 9 миллион дарахт шинонда шудааст ва ин раванд дар солҳои оянда низ идома хоҳад ёфт, то иқтидори маҳвкунии карбон дар Тоҷикистон афзоиш ёбад.

    Илова бар ин, майдони умумии ҳудудҳои ҳифзшавандаи кишвар аз 2,8 фоизи майдони умумии кишвар аз соли 1991 то соли 2021 ба 22 фоиз зиёд карда шудааст. Дар амал майдони ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда 2,7 миллион гектар зиёд карда шуда, дар Тоҷикистон барои таъмини истифодаи устувори экосистемаҳо ва захираҳои табиӣ минтақаҳои нави муҳофизатшаванда бунёд карда мешавад.


    Бозгашт