| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Суханронии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б. А. бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ
    Ахбор

    Суханронии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б. А. бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ 

    Ҳозирини муҳтарам,

    Ҳар як кишвари олам аз қадим дорои нишонаҳои давлатдории худ мебошад, ки он ҳамчун муқаддасот дар сохтори давлатдорӣ ба шумор меравад.

    Парчам яке аз нишонаҳои муқаддаси ҳар як кишвару халқ ба шумор рафта, симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ ин арҷгузорӣ ва ҳимояи Ватан, садоқату эҳтиром баҳри хонаводаву фарзандони худ, таъриху суннатҳои халқу кишвар аст.

    Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон мерос монда, чун рамзи давлат, салтанат, ғуруру ифтихор аз даст ба даст мегузашт. Бояд гуфт, ки Дирафши ковиёнӣ, ки пешдомони  чармини Коваи оҳангар буд, чун нишони исён бар зидди зулму истибдод ба шакли ливо афрохта шуд ва Фаридун онро муқаддас шуморида, бо тилло оро дод, ки  рамзи асосии давлатдории форсзабонон ба ҳисоб рафта, ба наслҳои минбаъдаи шоҳони ин миллати бофарҳанг интиқол ёфтааст.

    Тоҷикистони азиз ҳам баъд аз соҳибистиқлол гардидан ба масъалаи парчами миллӣ диққати ҷиддӣ дода, ҷиҳати қабули рамз, нишон ва парчам як қатор тадбирҳо андешид.

    24 ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» – ро қабул кард ва бо ҳамин дар таърихи парчамдории тоҷикон саҳифаи нав оғоз гардид. Парчами миллии мо дар радифи Конститутсия, Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти асосии давлатӣ маҳсуб меёбад.

    Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуда, ҳамасола таҷлил карда мешавад, ки чунин иқдом нишона аз арҷгузорӣ ба гузаштаи хеш ва дар руҳияи худшиносӣ тарбия кардани насли наврас мебошад.

    Дар ҳақиқат, парчам мавқеъ ва нақши хоси худро дар давлатдорӣ, дар мавриди гузаронидани чорабиниҳои расмӣ, давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа гузоштааст.

    Дар Маҷмааи умумии СММ дар байни парчамҳои давлатҳои дунё Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон низ медурахшад ва башорат аз он медиҳад, ки давлате ташаббускор ва созанда дар сайёра арзи ҳастӣ дорад, ки ин ҳама саодати давлатдорӣ барои ҳар яки мо тоҷикон боиси ифтихору сарфарозӣ мебошад.

    Басо рамзист, ки Парчами Тоҷикистон дар маркази пойтахти миллат-шаҳри Душанбе, дар паҳлуи Қасри миллат, дар баландие, ки аз тамоми шаҳр назаррас аст, пайваста нурафшонӣ мекунад. Ҳамагон ба ин муҷассамаи бошукӯҳу ҳамҷавори ситораҳо, ки аз лиҳози баландӣ дар китоби рекордҳои «Гиннес» ворид гардидааст, бо меҳру муҳаббат ва сидқу садоқат дида дӯхта, ифтихор менамоянд. Парчами миллии мо бо дурахшу парафшониаш ба ҷаҳониён аз ҳастиву пояндагии миллату давлати тоҷик, аз бахту саодат ва фатҳу нусрати тоҷдорон паём мерасонад.

    Ҳар яки мо ифтихор аз он дорем, ки зери парчами сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ кору зиндагӣ дорем ва ба он ватандӯстона эҳтиром зоҳир менамоем. Бигзор то абад Парчами давлатӣ моро ба некиву покӣ, меҳнати софдилона, муттаҳидиву ягонагӣ баҳри тараққиёту пешрафти Ватани азизамон ҳидоят намояд.

    Аз ин фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи Шумо-кормандону мутахассисони Кумитаро ба Рӯзи бузургдошти ин муқаддасоти миллӣ сидқан муборакбод гуфта, таманнои онро дорам, ки парчами кишвари мо дар ҷаҳон ҳамеша парафшон бошаду мардуми сарбаланди тоҷикон зери дирафши нангу номуси ватандорӣ ҳама вақт дастболо бошанд.


    Бозгашт