| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд
    Ахбор

    Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

    Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои барқияҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар муассисаи таълимии миёнаи умумии №23 ба номи Абулқосими Фирдавсии шаҳри Хуҷанд бо иштироки хонандагону омӯзгорон чорабинӣ гузаронида шуд.

    Дар рафти чорабинӣ корманди шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд роҷеъ ба таърихи Парчам ва тавсифи он, ки барои баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии хонандагон ва ифтихор аз Ҷумҳурии соҳибистиқлоламон мусоидат менамояд, баромад намуд.

    Дар қисмати адабии чорабинӣ хонандагон оид ба муқаддасоти ватан ва гиромидошти он, дар васфи Тоҷикистони соҳибистиқлол шеъру сурудҳо қироат намуданд.



    Бозгашт