| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Табрикоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б. А. бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябри соли 2023
    Ахбор

    Табрикоти 

    раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б. А. бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябри соли 2023             


    Ҳамкорони азиз,

    Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» забони тоҷикӣ дар кишвари мо ҳамчун забони давлатӣ қабул гардидааст.

    Аз рӯзи қабули ин ҳуҷҷати муҳими давлатӣ 34 сол сипарӣ гардид. Қонуни мазкур 22 июли соли 1989 дар иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштааст. Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби давлату Ҳукумат ва махсус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду инкишофи забон диққати махсус дода мешавад.

    Рушди забон нишондиҳандаи пешрафт ва комёбиҳои миллат ва давлат аст. Забони тоҷикӣ, ки аз шевотарин, ғанитарин ва қадимтарин забонҳост, моро на танҳо бо кишварҳои ҳамзабон ва ҳамфарҳанг мепайвандад, балки таърих ва давлатдории моро инъикос менамояд. Маҳз Истиқлоли давлатӣ тавонист барои рушду такмили забон роҳи васеъро кушояд.

    Бо назардошти рушду тараққиёти соҳаҳои мухталифи кишвари соҳибистиқлол дар заминаи қонуни соли 1989, бо тағйироту иловаҳо қонуни нав аз 5 октябри соли 2009, №553 «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иборат аз 7 боб ва 28 модда қабул гаштааст. Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд ва 5 октябр ҳамасола ҳамчун «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар кишвари мо қайд карда мешавад.

    Имрӯз коргузории расмии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун дигар мақомоти давлатии Тоҷикистон, ба забони давлатӣ-яъне тоҷикӣ бурда мешавад. Кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист, бахусус хизматчиёни давлатиро лозим аст, ки таъриху фарҳанг, забони миллии худро дар сатҳи зарурӣ азхуд кунанд, донишу маҳорати забондонии хешро сайқал диҳанд, то ки ҳуҷҷатҳои аз ҷониби онҳо омодасохта ба талаботи сохтору имлои забони тоҷикӣ ҷавобгӯй бошанд. Ҳамзамон, тибқи талаботи Роҳбари давлат ва дар шароити ҷаҳонишавӣ, васеъ гаштани мақоми иттилоотии ҷаҳонӣ тариқи шабакаҳои интернету алоқаи маҳворавӣ мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки дар қатори донистани забони давлатӣ, ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан русию англисӣ диққати бештар диҳем ва донишу ҷаҳонбинии худро ба ин восита васеъ намоем.

    Бо ифтихормандӣ аз Рӯзи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” тамоми кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зистро бо ин санаи муҳими давлатӣ табрику муборакбод менамоям. Бигузор давлату миллати Тоҷикистон бо забону фаҳанг ва арзишҳои моддиву маънавии худ ҷовидон бимонад ва забони модарии мо ҳамеша дар хизмати мардум қарор гирад ва барои пешрафту тараққиёти Ватани маҳбубамон мусоидат намояд.

    Бозгашт